Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Франклин Хаддл

14.03.2003 18:00, шаҳри Душанбе

14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Франклин Хаддлро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо рафти татбиқи созишномаҳои дуҷонибаи мавҷударо баррасӣ намуданд. Зимни муҳокимаи баъзе самтҳои иникшофи ҳамкории Тоҷикистону ИМА ба ҷабҳаи иқтисодии он диққати махсус дода шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд.

Сафири Амрико дар бораи қарори ИМА оид ба расондани кӯмаки иловагӣ ба Тоҷикистон иттилоъ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520