19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Киото бо Раиси Кумитаи тадорукотии Форуми сеюми умумиҷаҳонии об, собиқ Сарвазири Ҷопон Рютаро Хасимото мулоқот дошт. Мусоҳибон масъалаҳои Форум, проблемаи Баҳри Арал ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.