25 март ҳавопаймои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сафар ба Брюссел дар фурудгоҳи "Бориспол"-и шаҳри Киев таваққуфи кӯтоҳмуддат намуд.
Дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Украина Леонид Кучма пешвоз гирифт. Сардорони давлатҳо дар яке аз толорҳои фурудгоҳ оид ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Украина дар доираи ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ гуфтушуниди самарабахш анҷом доданд.