4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби фонди захиравӣ барои барқарор намудани бинои Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А.Лоҳутӣ амр дод.
Дар амри мазкур омадааст, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани бинои Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Тибқи ин амр Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.