4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазир-мушовири Ҳукумати интиқолии Афғонистон Яҳё Маъруфиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи Афғонистон ва нақши Тоҷикистон дар барқарорсозии баъдинизои ин кишвар, ҳамчунин баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба дар марҳалаи ҳозира мубодилаи афкор карданд.