12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Арманистон Вартан Осканянро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо имкониятхои инкишофи муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои ИДМ ва мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.