17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Ширкати "Ҷи Эн Ай Инвестмент ЛТД" Натаниел Ротшилдро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо имконияти иштироки ширкати мазкурро дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, канданиҳои фоиданок ва саноати бофандагӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва масъалаҳоеро, ки бо мушкилоти Баҳри Арал робита доранд, ба таври мушаххас ва муфассал баррасӣ намуданд.