Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

22.04.2003 10:00, шаҳри Душанбе

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ" ба ин зумра шомиланд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ" аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 декабри соли 2002 қабул ва 7 апрели соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 21 модда иборат буда, муносибатҳоеро, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ҳангоми таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онҳо, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ" 5 марти соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 7 апрели соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 30 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян ва фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520