29 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои раёсати Ҳукумат, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масъалаҳои гуногун, аз қабили ҷараёни кишти баҳорӣ, сохтмони иншоотҳои муҳим, аз ҷумла тунели Анзоб ва нерӯгоҳи обӣ- барқии Сангтӯда, инчунин рафти иҷрои буҷети давлатӣ муҳокима шуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар машварат диққати иштирокчиёнро ба камбудию норасоиҳои мавҷуда ҷалб намуда, барои дар муддати кӯтоҳтарин бартараф сохтани онҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.