4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқоти дуҷониба дошт.
Зимни сӯҳбат сарони давлатҳо рафти татбиқи созишномаҳои дуҷонибаи мавҷударо муҳокима карданд. Мусоҳибон ба зарурати бартараф намудани ҳамаи монеаҳои инкишофи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ диққати калон доданд.