Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей

15.07.2016 08:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати таъин гардиданатон ба вазифаи сермасъули Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Ҷониби Тоҷикистон густаришу таҳкими равобити ҳасана бо Британия Кабирро  самти муҳимми  сиёсати хориҷии кишвари худ медонад ва ба ояндаи онҳо аз диди нек назар меафканад.  

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи дӯстӣ  ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид  шуда, мазмуну мундариҷаи фарохтарро касб хоҳанд кард.

Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати  саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатмандии комилу бахту иқболи тоза,  пирӯзиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаашон ва  ба   мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида - рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520