Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз 8 сафири нав

19.07.2016 10:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов, Ҳиндустон Сомнатх Гҳош, Ҷопон Хаҷимэ Китаока, Шоҳигарии Таиланд Нат Пинёваттаначип, Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич, Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигурен ва Австралия Питер Мартин Теш эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар назди давлати тозабунёди мо вазифаи басо муҳими воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ меистод ва хушбахтона тайи давраи соҳибистиқлолӣ мо бо доираи васеи аҳли олам ҳамкориҳои судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитариро ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда, сафи ҳамёрони худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд афзун гардонидем.    

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон бо Тоҷикистон шиносоии наздик пайдо карда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520