Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.05.2003 11:00, шаҳри Душанбе

6 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар маҷлиси ҳукумат зиёда аз 40 масъала баррасӣ карда шуда, оиди ҳар кадоми он қарорҳои дахлдор қабул гардид. Аз ҷумла, "Нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани дастурҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.2003 ифодаёфта" маъқул дониста шуда, дар масъалаи сари вақт омода сохтани соҳаҳои иқтисодӣ- иҷтимоии ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2003-2004, такмили роҳу усулҳои истеҳсол ва фурӯши нахи пахта, тадбирҳои зиёд кардани истеҳсоли семент дар мамлакат ва тармими роҳи мошингарди Нуробод- Ҷиргатол баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Инчунин дар маҷлис "Нақшаи дурнамои муҳоҷирати ихтиёрии аҳолии минтақаҳои камзамини кӯҳистон дар давоми солҳои 2003-2007 ба минтақаҳои серзамини ҷумҳурӣ" тасдиқ карда шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо "Дар бораи ворид сохтани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои беҳтар кардани зоти чорво", "Дар бораи расонидани кӯмак ба беморони нашъаманд" ва "Дар бораи ворид сохтани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро маъқул шуморида, барои баррасӣ ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Дар бахши сиёсати берунии давлат низ лоиҳаи як қатор санадҳо Созишномаи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид, Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар бораи мақоми ваколатҳои Кумитаи Салиби Сурх ва барномаи қарзҳои давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2004 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар маҷлиси ҳукумат инчунин роҷеъ ба масъалаҳои дигари рӯзномаи он қарорҳо қабул гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520