Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cӯҳбати телефонӣ бо раисони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ваҳдат ва Ҳисор

16.05.2003 15:00, шаҳри Душанбе

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ваҳдат ва Ҳисор телефонӣ сӯҳбат кард.

Дар ҷараёни сӯҳбат вазъи кишти баҳорӣ, афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ, ободонии маҳалҳои аҳолинишин, бо компютерҳо таъмин намудани мактабҳо ва дигар масъалаҳо муҳокима шуданд.

Президенти кишвар ба раисони вилоят ва ноҳияҳои номбаршуда супориш дод, ки барои рафъи зарари боришоти имсола ба соҳаи кишоварзӣ ба кишти зироатҳои полезӣ суръат бахшида, ҷиҳати таъмини талаботи бозорҳои мамлакат бо сабзавоту меваи тару тоза аз тамоми имконияту воситаҳо, аз ҷумла рӯзҳои мусоиди баҳорӣ пурсамар истифода бурда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи роҳбарони зикршударо ба зарурияти тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ ва беҳтар сохтани шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои таъмини иштироки озодонаи шаҳрвандон дар райпурсии умумихалқӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520