Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба муносибати Рӯзи ҷавонон

23.05.2003 08:00, шаҳри Душанбе

23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро ба муносибати идашон- Рӯзи ҷавонон табрик намуд.

Дар табрикот омадааст, ки "Инак панҷ сол мешавад, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли мо рӯзи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумоён ҷавонписарону ҷавондухтарони кишвари азизамонро табрик мегӯям.

Ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва нерӯи офаранда аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба айёми ниҳоят вазнину сарнавиштсоз рост омад, то имрӯз, ки мардуми мо бо роҳи бунёдкориву ободонии сарзамини куҳанбунёдамон устуворона пеш рафта истодааст, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши барҷаста ва пештозро бозиданд.

Итминон дорам, ки шумо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, донишу малакаи муосир, забондонӣ ва хислатҳои ҳамидае, ки хоси миллати қадимаи мо мебошад, ояндаи Тоҷикистонро ба ҷомеаи башар ба таври шоиста муаррифӣ мекунед"- омадааст дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520