Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе

22.07.2016 09:26, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишвии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро бошад Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони тарҳро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид дошт, ки бояд лоиҳаи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар баробари ҳаракати нақлиёти транзитӣ, роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешавад, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаранд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб месозад. Эстакада бошад, барои беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо мусоидат мекунад. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520