Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

23.07.2016 10:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони, аъзои Ҳукумати кишвар ва пешрафти фаъолияти онҳо равона карда шудаанд. Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати кишвар шахсе интихоб ё таъин шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони ва аъзои Ҳукумат мегардад. Савганди шахсони мазкур ҷиҳати хизмати софдилона ва садоқат ба халқу Ватан ва ба Президенти кишвар ҷузъи асосии меъёри қонунҳои конститутсионии номбударо ташкил медиҳад.

Инчунин мувофиқи ин тағйиру иловаҳо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, вазифаҳои он ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шудааст.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳоро дар соҳаи меҳнат танзим менамояд ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён, давлат ва дигар субъектони муносибатҳои меҳнатӣ равона шудааст.

Кодекси мазкур бо истифода аз таҷрибаи пешрафти ҷаҳонӣ таҳия гардида, дар он паҳлӯҳои гуногуни муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи меҳнат ба назар гирифта шудааст.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таҳия гардида, тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба мақомоти давлатию ғайридавлатӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, мафҳуми шартномаҳои байналмилалӣ, тартиби таҳия ва ба имзо расонидан, тасдиқ кардан, ба қайд гирифтан, иҷро намудан, бекор кардан, интишор, боздоштани амали онҳо ва дигар муносибатҳоро вобаста ба шартномаҳои байналмилалӣ муайян ва танзим менамояд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлати бегона, рақами қалбакӣ ва тайёр кардани рақами қалбакии қайди воситаҳои нақлиёт, инчунин идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии пас аз муассисаи олии таълимӣ” воридгардида, дар баробари ятимону бепарасторон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ имтиёзҳо муқаррар мекунанд.

Қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520