Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

27.07.2016 09:47, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, ба тамоми сокинони заҳматкаши ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои саҳми сазовори ватандӯстонаашон дар раванди боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои диёрамон изҳори сипос намуда, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия фазои орому осуда ва баракати зиндагӣ орзу менамоям.

Ҳамчунин, бо дарназардошти ин, ки мулоқоти мо дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллиамон – биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон баргузор шуда истодааст, кулли мардуми сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин санаи сарнавиштсози таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ халқи Тоҷикистон тақдирашро ба дасти худ гирифт ва биступанҷ сол мешавад, ки бо заҳмати ватандӯстонаи мардуми мо ҳамаи гӯшаву канори мамлакатамон, аз ҷумла ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, торафт ободу зебо мегардад.

Ҳамчунин, аз баракати истиқлолият ва фазои сулҳу суботи комил дар кишварамон мо имкон пайдо кардем, ки ба хотири ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ҷиҳати таъмин намудани рушди ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.

Дар давоми 25 сол бо мақсади рушди иқтисодии ноҳия ва беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб як миллиард сомонӣ, аз ҷумла 600 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ равона шудааст.

Дар ин давра аз буҷети давлатӣ танҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард 10 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар баробари ин, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2011-2015» 77 лоиҳа ба маблағи 132 миллион сомонӣ татбиқ шуда, як силсила корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардидаанд.

Тӯли солҳои истиқлолият аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ноҳия хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ бо дарозии 83 километр ва даҳҳо зеристгоҳи барқӣ сохта, ба истифода супорида шуда, ҳоло сохтмон ва азнавсозии боз якчанд хатти интиқоли барқ идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар панҷ соли оянда барои сохтмон ва таҷдиди иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, таҷдиди шабакаҳои энергетикӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва дигар иншооти коммуналӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 72 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020» оғоз гардид, ки тибқи он дар ноҳия 177 лоиҳа ба маблағи умумии 206 миллион сомонӣ бояд амалӣ карда шавад.

Аз маблағи зикршуда 47 лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 68 лоиҳа дар ҳаҷми 56 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 38 лоиҳа ба маблағи 71 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 15 лоиҳа дар ҳаҷми 17 миллион сомонӣ барои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияи Ҳамадонӣ дар давоми солҳои 2016 - 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 210 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Бинобар ин, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ намудани барномаи зикргардидаро таъмин созанд ва доир ба иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои маблағгузории иловагӣ тадбирҳои судманд андешида, ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар сарчашмаҳо барои татбиқи барномаи рушди ноҳия пешбинигардидаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Ҳукумати мамлакат барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ҳамадонӣ тамоми имконияту воситаҳоро сафарбар карда истодааст.

Дар натиҷа танҳо дар 10 соли охир тавассути дастгириву рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия беш аз 24 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ин ҷода, роҳбарони ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дигар ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани таъмини аҳолӣ ба ҷойҳои кории нав тавассути тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди маҳсулот мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вусъат додани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ зиёд кардани коркарди маҳсулот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, фаровонии бозор ва зиёд гардидани даромади сокинон мусоидат менамояд.

Имрӯз дар ноҳия 57 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди меваю сабзавот, нахи пахта, маъдан ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нигаронида шудааст.

Танҳо соли гузашта доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ 9 корхонаи хурд ба фаъолият оғоз карда, дар ҳаҷми 4 миллион сомонӣ маҳсулот баровардааст ва дар ояндаи наздик ба фаъолият оғоз кардани боз 7 корхонаи дигар дар назар аст.

Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки дар ноҳия иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи саноатӣ ҳанӯз хеле зиёданд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки доир ба рафъи норасоиву мушкилоти соҳаи саноати ноҳия, таъсиси корхонаҳои нави коркарди маҳсулот, аз ҷумла намаки ошӣ, меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дастгирӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани рушди соҳаи саноати ноҳия мебошад.

Ин дар навбати худ, барои фаъолияти муназзами корхонаҳои амалкунанда, ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва беҳтар гардидани даромади сокинони ноҳия мусоидат мекунад.

Мо маҳз ба ҳамин хотир дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро ҳамчун вазифаи асосии роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ муайян кардаем ва ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар доираи татбиқи нӯҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва шуғли аҳолӣ дар ҳаҷми умумии 550 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, дар давоми 25 соли истиқлолият аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба субъектҳои соҳибкории ноҳия барои дастгирии фаъолияти онҳо ба маблағи зиёда аз 280 миллион сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Фонди дастгирии соҳибкорӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд дар самти афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешида, фаъолияти субъектҳои соҳибкории ноҳияро ҳарчи бештар маблағгузорӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҳамадонӣ, ба монанди бисёре аз ноҳияҳои дигари кишвар, аз вазъи соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Қобили зикр аст, ки хусусан дар зарфи даҳсолаи охир бо заҳмати софдилонаи мардум соҳаи кишоварзӣ хеле тараққӣ кардааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо беш аз даҳ баробар, меваю сабзавот 5, маҳсулоти чорво қариб 5 ва картошка зиёда аз 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Нишондиҳандаҳо дар соҳаи чорводорӣ низ бамаротиб афзудаанд. Вале дар баробари ин, соҳаи пахтакорӣ, ки манбаи хуби ҷойи кор ва даромади аҳолии ноҳия мебошад, сол ба сол паст рафта истодааст.

Хотирнишон месозам, ки захираву имкониятҳо, аз ҷумла замин ва оби фаровон, инчунин иқлими мусоиди ноҳияҳои ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ҳамадонӣ имкон медиҳанд, ки тавассути вусъат додани кишти такрорӣ, парвариши сабзавоти барвақтӣ ва истифодаи васеи гармхонаҳо дар тамоми фаслҳои сол ҳосили фаровон руёнида шавад.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияро зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо ҷамъоварии саривақтии ҳосил, кишти такрорӣ ва гузаронидани кишти тирамоҳиро вусъат бахшанд.

Аз майдони умумии заминҳои ҳудуди ноҳия 67 фоиз ё 35 ҳазор гектари он замини таъиноти кишоварзӣ мебошад, ки қариб 40 фоизи онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҳолати воқеии соҳаи кишоварзии ноҳияро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 1250 гектар замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани он чораҳои саривақтӣ андешанд.

Махсус таъкид месозам, ки дар ноҳия имкониятҳои хуби зиёд кардани моҳипарварӣ мавҷуданд.

Аз ҷиҳати моҳипарварӣ ноҳия дар вилояти Хатлон ҷойи аввалро ишғол менамояд ва соли гузашта дар ноҳия 311 тонна моҳӣ истеҳсол (парвариш) шудааст, ки 24 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳии вилояти Хатлонро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Моҳии Тоҷикистон” – ро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи моҳипарварӣ, расонидани кумак ба хоҷагиҳо ва ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо ин намуди ғизои парҳезӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳукумати мамлакат доир ба пешгирӣ кардани хавфи офатҳои табиӣ дар ҳамаи мавзеъҳои осебпазири кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳамадонӣ пайваста чораҷӯӣ мекунад.

Умуман, дар даврони истиқлолият бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия ба маблағи беш аз 290 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.

Илова бар ин, дар панҷ соли оянда барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои фавқулода ва беҳдошти муҳити зист аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 17 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ бо оби тозаи нӯшокӣ яке аз аввалин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар кишвар ба маблағи 130 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Бо дарназардошти он, ки оби тоза ва хушсифати нӯшокӣ яке аз шартҳои асосии саломатии инсон мебошад, мо татбиқи яке аз аввалин лоиҳаҳои сармоягузориро дар ноҳияи Ҳамадонӣ анҷом додем, чунки мардуми ноҳия аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ даҳсолаҳо азият мекашиданд.

Имрӯз мо боз як хатти нави оби тозаи нӯшокиро барои аҳолии ноҳия ба истифода супоридем.

Дар доираи сафари кории мо, ҳамчунин, якчанд коргоҳу корхонаҳои нав, аз ҷумла коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи коркарди намак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти он, ки пешрафти ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа аз натиҷаҳои фаъолияти соҳаи илму маориф вобастагии бевосита дорад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 25 муассисаи нави таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Танҳо соли равон 4 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ барои 1900 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад ва дар се соли оянда сохтмони боз 5 муассисаи таълимӣ бо арзиши лоиҳавии 55 миллион сомонӣ ба нақша ворид гардидааст.

Мо имрӯз биноҳои навбунёди мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1280 нафар хонанда ва шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода супоридем, ки барои таълиму тарбия ва фаъолияти кормандони соҳаи маориф бо тамоми шароити замонавӣ таъмин мебошанд.

Илова бар ин, имрӯз боз ду мактаби навбунёди дигар, ки ҳар кадоми онҳо дорои 480 ҷойи нишаст мебошад, ба истифода дода мешавад.

Соли 2015 бо ташаббуси яке аз соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия коллеҷи тиббии хусусӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло садҳо нафар ҷавонони маҳаллиро ба таҳсил фаро гирифтааст.

Дар давоми ду соли охир аз 4540 нафар хатмкунандагон 3051 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, 1517 нафар сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шудаанд.

Бо вуҷуди он, ки вазъи таъминоти муассисаҳои таълимии ноҳия бо технологияи компютерӣ, дигар шароити зарурии таълим, инчунин бо омӯзгорони соҳибихтисос, дар маҷмӯъ, қонеъкунанда мебошад, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, падару модарон, соҳибкорону тоҷирон ва фаъолон зарур аст, ки ба масъалаи боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, махсусан ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонони босаводу соҳибмаърифат ва касбу ҳунаромӯзии онҳо аҳаммияти бештар диҳанд.

Инчунин, ҳангоми банақшагирии тарбияи кадрҳо, аз ҷумла тибқи квотаи президентӣ, раванди ҷалби ҷавононро ба касбу ихтисосҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва маорифу тандурустӣ беҳтар ба роҳ монанд.

Илова бар ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки бунёди муассисаҳои тандурустии ба нақша гирифташуда, аз ҷумла бинои шуъбаи кӯдакона ва таъмири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳо, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро таъмин намоянд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо мақсади соҳибкасб намудани сокинони бекори ноҳия ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳоро аз рӯи ихтисосҳо ва касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳарчи бештар вусъат бахшанд.

Дӯстони гиромӣ!

Соли ҷорӣ барои мардуми Тоҷикистон соли таърихӣ ва махсус, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон мебошад.

Бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки имрӯзҳо ҳар як фарди бонангу номуси Ватан, аз ҷумла сокинони сарбаланди ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ ба хотири ободонии диёрамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон азму талоши ватандӯстонаи хешро дареғ намедоранд.

Бо истифода аз фурсат, таъкид месозам, ки дар баробари вусъати корҳои созандагӣ ҳар яки мо вазифадорем, ки бо дарназардошти вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ, торафт боло рафтани нархи маҳсулоти озуқа, инчунин хушксолиҳои пайдарпай дар бисёр кишварҳои дунё ба масъалаҳои сарфаву сариштакорӣ эътибори махсус зоҳир намоем.

Падару модарон, шахсони обрӯманду рӯзгордида, фаъолон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирӣ кардани паҳншавии мафкураву фарҳанги бегона дар байни мардум, хусусан, миёни наврасону ҷавонон бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд.

Зеро тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия боло рафта истодааст.

Дар муддати даҳ соли охир аз тарафи сокинони ноҳия 1645 ҷиноят, аз ҷумла 452 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки чунин вазъ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Танҳо дар давраи солҳои 2011 - 2015 ва нимаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 178 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, 4 тоннаву 756 килограмм моддаҳои нашъаовар, аз ҷумла қариб 600 килограмм героин мусодира гардидааст ва 121 нафар бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудааст.

Масъалаи дигари ташвишовар афзоиши шумораи ҷавононе мебошад, ки ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд.

Чунин ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, ки ҳаракатҳои ба ном исломӣ дини мубини исломро ҳамчун парчам ё ниқоб истифода мекунанд, вале дар асл боиси бадномии ин дини муқаддас ва бадбахтии миллионҳо нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд.

То имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 22 нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2 нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд.

Тибқи маълумот ҳоло 2 оила иборат аз 12 нафар бо мақсади иштирок дар ҷанг ба Сурия сафар кардааст.

Вазъи ҷаҳони муосир ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва хусусан , ба ҳар кадоми шумо, ки дар минтақаи сарҳадӣ зиндагӣ мекунед, мисли ойина равшан аст.

Дар чунин шароит мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, наврасону ҷавононро беназорат намонем, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем ва кӯшиш кунем, ки фарзандони мо бесавод намонанд, хонанд, мутахассис шаванд, оянда Ватан ва давлати худро соҳибӣ кунанд.

Ҳамеша омода будан барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарз, масъулият ва вазифаи ҳар кадоми мову шумост.

Фаромӯш набояд кард, ки оромии Ватан, ободии диёр, суботи ҷомеа ва пешрафти давлат аз заҳмати софдилона, ҳушёрии ҳар як фарди сарзамин, алалхусус, сокинони ноҳияҳои сарҳадӣ дар бобати ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти давлатӣ доир ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо сарҳадшиканон ва қочоқбарон вобаста мебошад.

Хусусан, сокинони ноҳияи шумо, ки номи яке аз фарзандони бузурги миллатамон, алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро дорад, бояд кӯшиш намоянд, ки намунаи заҳмати созанда, ҳисси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва риояи тартиботу қонуният бошанд.

Ноҳияи Ҳамадонӣ даҳҳо ва садҳо нафар фарзандонеро ба камол расонидааст, ки онҳо ҳам дар замони сохти гузашта ва ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати содиқонаи худ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштаанд.

Ҳар яки шумо бояд кӯшиш кунед, ки наврасону ҷавонони ноҳия роҳи шахсиятҳои номдорро идома бахшанд ва дар оянда боиси ифтихори тарбиятгарони худ – падару модарон ва умуман мардуми диёри хеш гарданд.

Дар охир бо изҳори миннатдорӣ барои заҳмати содиқона бори дигар кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо ҷашни истиқлоли Ватан табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳативу осудаҳолӣ ва дар ҷодаи ободонии Ватани маҳбубамон барори кор орзумандам.

Доимо сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

text-align: justify;/p

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520