Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара

01.09.2016 08:08, ноҳияи Данғара

1 сентябри соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Устодону донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтирому самимияти беандоза нисбат ба Пешвои маорифпарвар истиқбол гирифтанд.

Баъди ифтитоҳи донишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар ин боргоҳи илму маърифат шинос шуданд.

Сохтмони бинои муҳташами Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 - ошёна бо беш аз 2000 ҷойи хоб барои донишҷуён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷу дар як баст бунёд шудааст.   

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони куллиён”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самар СН” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барқи Кӯлоб” бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ иҷро кардаанд.

Аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар 6 факулта ва 20 кафедра аз рӯи ихтисоси педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар Донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устодон, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Айни ҳол 2615 донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар ин ҷо аз рӯи 30 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр мутахассис тайёр карда мешавад. Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ аз рӯи 23 тахассус унвонҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ машғул мешаванд.

Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфтааст. Барои пешрафти кор дар коргоҳи адрасбофӣ як гуруҳ ҷавондухтарон дар вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро аз худ кардаанд ва дар ин ҷо ба шогирдон табодули таҷриба мекунанд. Дар синфи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан занону бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Таъсиси гуруҳи зудамали таъмири технологияи компютерӣ бо ду мошини сабукрав аз навовариҳои бахши таълим дар Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.

Зимни боздид аз донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои компютерӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ  ва дигар қисмҳои иморати донишгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо донишҷуён суҳбати самимӣ доир карданд.

Донишҷуён ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳо изҳор сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520