Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба мардуми бародари Ӯзбекистон

02.09.2016 22:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Ӯзбекистон барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Дар Тоҷикистон хабари талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек-вафоти бемаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримовро, ки барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд.

Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми ӯзбек сабти ном шуд. Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд.

Хотираи нек дар бораи ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо мондагор хоҳад буд.

Дар ин лаҳзаҳои мотам мо таъзияву ҳамдардии самимии худро ба мардуми бародари ӯзбек, ба ҳамаи пайвандону наздикони Ислом Абдуғаниевич изҳор медорем».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520