Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

13.09.2016 11:46, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст дар Ҷамоати деҳоти “Деҳмой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар Маркази мазкур ҳанӯз моҳи июни соли 2014 оғоз гашта, аз ҷониби ҶДММ «Давлат-1» дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида шудааст.

Ҷои зикр аст, ки Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушди Олмон таъмир ва таҷдид гардидааст.

Тавре ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, барои корҳои таҷдиду азнавсозии Маркази мазкур 27,4 млн. сомонӣ сарф шудааст. Аснои шиносоӣ, Пешвои миллат ба корҳои азнавсозӣ ва ҷиҳозонидани ин иншооти муҳими тандурустӣ баҳои баланд доданд.

Тавре маълум гардид, дар баробари таҷдиду азнавсозӣ, Маркази мазкур бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин имкон хоҳад дод, ки кормандони Марказ бо истифодаи муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ гирифторони бемории силро саривақт ташхису табобат намоянд. Бояд гуфт, ки Марказ дорои 200 ҷойи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, утоқи рентгенӣ, ҳуҷраи занона ва утоқҳои алоҳида барои ташхису табобат буда, дар онҳо беҳтарин шароиту имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки баъди таҷдиду азнавсозӣ ва мавриди истифода карор гирифтани Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил,  175 нафар, аз ҷумла 18 табиб, 64 корманди миёнаи тиб ва 93 нафар кормандони соҳаҳои дигар бо ҷойи кор ва маоши миёнаи 900 сомонӣ таъмин карда шуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи тибби вилояти Суғд аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат ба аҳолӣ хизмати саривақтии тиббӣ расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520