Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Бӯстон

13.09.2016 11:48, шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, иштирок намуданд.

Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар зарфи ду сол бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Созанда» азнавсозӣ гардида, он дорои 32 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.

Тавре аён гардид, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин карда шудааст.

Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи созгори шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона ва дармонгоҳу маркази саломатӣ дар наздиктарин масофаи он ҷойгир мебошанд.

Гуфта шуд, ки масоҳати умумии ин мавзеъ 1,8 гектар буда, дар заминаи як иншооти дигар бунёди боз як бинои дуошёнаи истиқоматии нав ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 30 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, воқеъ дар гарнизони Суғд бо манзили зист таъмин медгарданд.

Дар ҳавлии бино ҳамзамон майдончаи бозии кӯдакона ва ҷой барои истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст.  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани ин бинои истиқоматиро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ тӯҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеъи манзилҳо дар вазъияти тантанвӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои нав гардида даъват ба амал оварданд, ки содиқонаю софдилона ба Ватан-Модар хизмат карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат, ҳифзи музафариятҳои давлати соҳибистиқлол ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар навбати худ ба Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии Ватан содиқона хизмат мекунанд.

Дар давоми чор соли охир дар ҳудуди се вилоят ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа беш аз 300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520