Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд

14.09.2016 17:15, шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони ин иншооти таърихӣ-фарҳангӣ моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвову сарвари ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам, ки акнун ба макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мубаддал мегардад, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандсохтмон-1», ҶДММ«СМС», ҶДММ «Каскад» ва ҶДММ «Стройкомплекс» мебошанд.

Зимни тамошо аз ин маҷмаа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён, ки дар як муддати кутоҳ чунин як иншооти зеборо бунёд кардаанд, баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520