3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Носир Сармадӣ Порсоро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар доираи машваратҳои байнидавлатии анъанавӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Мавзӯъҳои вобаста бо иштироки ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои инкишофи бахшҳои гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия дар Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардиданд.