9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 10 июн оғоз мешавад, ба ширкаткунандагони он пайёми табрикӣ ирсол дошт. Дар он, аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
Дӯстони ҷавон!
Иштироки шуморо дар чунин як фестивали байнидавлатӣ, ки бешубҳа дар таҳқими робитаҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвари ҳамҷавору ҳамтақдир таровати тоза мебахшад, табрик мегӯям.
Баргузории фестивали дӯстӣ, ки бо ташаббуси худи шумо-ҷавонони ватанпарвару худогоҳи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, танҳо аз вохӯрию шиносии шумо иборат нест. Ҳадафи асосии он огоҳ намудани ширкаткунандагони чорабинӣ аз таърихи деринаи давлатдорӣ ва анъанаҳои фарҳангии миллатҳои ҳамдигар ва дар ин замина идома додани суннатҳои неки ҳамсоягиву ҳамзистии гузаштагонамон мебошад.
Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо аз фестивали мазкур бо таассуроти ҷолиб баргашта, ба ҳамсолону ҳамдиёрони худ аз дастовардҳои таърихиву фарҳангии кишварҳои якдигар нақлҳо намуда, дар таҳқими дӯстии мардуми тоҷику қирғиз саҳми арзанда мегузоред.
Робитаҳои ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Қирғизистон торафт тақвият меёбанд. Кишварҳои мо дар баробари ҳамкориҳои мутақобилан судманд, инчунин дар доираи басёр иттиҳоду созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ шарик мебошанд. Аз ин рӯ, густариши дӯстии халқҳоямон амри таърих аст.
Ба шумо ва ба ҳамаи ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон сарбаландиву комёбиҳо орзумандам.