Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи табрикӣ ба муносибати Рӯзи забон

22.07.2003 08:00, шаҳри Душанбе

22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон ба ҳамватанон номаи табрикӣ ирсол намуд.

Дар нома қайд карда мешавад, ки "аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забон" чордаҳ сол гузашт. Дар ин марҳилаи начандон тӯлонӣ мақом ва эътибори забони тоҷикӣ ба андозае боло рафт, ки дар давоми чандин даҳсолаи асри ХХ ба ин андоза инкишоф наёфта буд."

Баъдан ба мавқеи забон дар ҷомеа баҳо дода, Сардори давлат дар номаи худ зикр кардааст, ки "забон барои як давраи муайяни таърихӣ ва ё танҳо барои як насл хизмат намерасонад, балки забон худ таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мабошад."

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанонро бо ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, ба ҳар хонаводаи мардуми Тоҷикистони азизамон ободӣ, оромӣ ва муҳаббату самимият орзу намудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520