23 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Комиссари олии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо оид ба масъалаи аққалиятҳои миллӣ Ролф Экеус мулоқот кард.
Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурӣ ёдовар шуд, ки гуногуншаклии миллӣ дастоварди ҷомеа буда, роҳбарияти мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, то ки намояндагони аққалиятҳои миллӣ худро шаҳрванд ва аъзои ҷомеаи комилҳуқуқ эҳсос намоянд. Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти миллӣ, ҳуқуқҳои баробарро кафолат медиҳад.