Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Низомномаи захираи кадрҳои хизмати давлатӣ"

24.07.2003 10:00, шаҳри Душанбе

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ "Низомномаи захираи кадрҳои хизмати давлатӣ"-ро тасдиқ намуд.

Низомномаи мазкур Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" таҳия гардида, тартиби ташкил ва ба роҳ мондани кор бо захираи кадрҳоро барои пешниҳод намудан ба мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Захираи кадрҳо бо мақсади сари вақт ишғол намудани мансабҳои холигаштаи хизмати давлатӣ, мукаммалгардонии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ бо кадрҳои фаъол ва ташаббускор, таъмини пешрафти хизматии хизматчиёни давлатӣ ташкил карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520