24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайати Намояндагии муассисаи рушди СММ, ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон Метю Кахане ба муносибати ба анҷом расидани ваколатҳои хизматиаш дар кишвар мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ, аз ҷумла муассисаи рушди он, амалӣ сохтани барномаҳои минтақавӣ, ба шумули истифодаи оқилонаи об ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.