Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Искандарзода Тоҳир Саъдоншо аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон,
Раҳимиён Амрулло Абдуҷабор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд, бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.
2. Холзода Ҷомаҳмад Азиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон,
Қурбонзода Тоштемир аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Собирзода Турахон Муҳаммад аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
Розиқзода Рухсат Мирзоалим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 сентябри соли 2016
№759

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520