14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи беҳтар намудани вазъи китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" ба имзо расонид.
Қарори мазкур бо назардошти нақши бузурги Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи маънавии сокинони мамлакат, рушду такомули илму фарҳанг, ҷамъоварӣ, ҳифз ва тарғиби мероси миллӣ ва умумибашарӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи қарори мазкур ба Вазорати фарҳанг ва дигар идораҳои дахлдор барои беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ як қатор супоришҳо дода шудааст.