Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд

15.08.2003 11:00, ноҳияи Айнӣ

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи имрӯзаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, рушти иҷтимоию иқтисодии қисмати шимолии ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Сардори давлат дар деҳаи тозабунёди Ревад дар маросими кушодашавии мактаби миёнаи нав ширкат варзид. Ба ин муносибат ҷамъомади серодам ташкил карда гардид. Сардори давлат зикр намуд, ки масъалаи ободии деҳа дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад. Сардори давлат ба масъалаҳои таъминоти мактаб бо воситаҳои хониш, омӯзгорон, техникаи компютерӣ, забономӯзӣ ва ғайра мароқ зоҳир намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520