30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Котиби генералии СММ Анварул Чоудхури мулоқот дошт.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба сатҳи омодагӣ ба Форуми байналмилалии оби тоза, ки гузарондани он дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор карданд.
Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъда ва тавсеи соҳаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ-ро баррасӣ намуданд.