31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни Форуми байналмилалӣ бахшида ба проблемаҳои оби тоза дар ҷамъомад ба муносибати гузоштани хишти нахустини таҳкурсии бинои ояндаи Маркази исмоилиён, ки рӯ ба рӯи Кохи Борбад сохта мешавад, ширкат варзид.
Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷамъомади ба ин муносибат доиргардида сухан ронда, ба Аълоҳазрат Шокарим Оғохони 4 барои иштироки фаъолона ва кӯмакҳояш дар эъмори Маркази фарҳангии исмоилиён изҳори сипос намуд.
Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷумла зикр намуд, ки бо кӯмаки Хазинаи Оғохон дар Душанбе ояндаи наздик сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва муассисаҳои дигар оғоз меёбад. Ҳамаи ин рамзи ҳамкории самарабахши Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон мебошад.
Аълоҳазрат Шокарим Оғохони 4 изҳор намуд, ки чунин марказҳо айни ҳол дар дар Лондон, Торонто, Ванкувер ва шаҳрҳои дигар фаъолият доранд. Дар бинои ояндаи Маркази исмоилиён ҷамъомадҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Дар хотима Эмомалӣ Раҳмонов, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Оғохони IV дар вазъияти ботантана капсулаи рамзиро дар зери таҳкурсии бинои ояндаи Маркази исмоилиён гузошта, ба оғози сохтмони он замина гузоштанд.