Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод

25.09.2016 11:34, ноҳияи Нуробод

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ намудани як қатор иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сарвари ояндасоз ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоси пазироии меҳмони олимақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия барномаи рангинеро таҳия карданд.

Хушию хурсандии хурду бузурги ноҳияро ҳадду канор набуд, зеро ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи кишвар пайки ободкорию созандагӣ барои таъмини зиндагии шоистаи  мардум мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520