Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгиранда дар ноҳияи Нуробод

25.09.2016 11:56, ноҳияи Нуробод

Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгирандаро ифтитоҳ намуда, дар хатнасури дастаҷамъонаи 30 нафар кӯдаки ятим иштирок карданд.

Корҳои таҷдиду азнавсозии муассисаи мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури Сарвари ғамхору раъиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Масоҳати умумии қитъаи замини боғчаи бачагон 0,9 гектар ва масоҳати худи бино 906 метри мураббаъро ташкил дода, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар боғча имкон аст, дар як вақт 140 кӯдак ба ғамхорӣ фаро гирифта шавад.

Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи томактабӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии Роғун” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чароғ” мебошад.

Дар саҳни ҳавлии боғча 6 адад айвонча барои бозии кӯдакон ва ҳавзи оббозӣ сохта шудааст. Дар ошёнаҳои аз якум то дуюм беҳтарин утоқҳои машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, синфхонаи санъати мусиқӣ, утоқҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда, дару девори боғча бо санъати зебои тасвирӣ бо расми қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити Боғчаи бачагон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури 30 кӯдак ва туйи домодию арӯсии 10 ҷуфти ҷавон иштирок карданд.

Дар доираи сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва ятимпарваронаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи тифлакони хуштолеъ дар рӯзи тӯяшон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, сари онҳоро падарвор сила карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулони соҳаи маорифи кишвар дастур доданд, ки дар тарбияи насли оянда ва кӯдакони ин даргоҳ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520