Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир ва бастабандии равған дар ноҳияи Нуробод

25.09.2016 12:15, ноҳияи Нуробод

Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ва бастабандии равғанро мавриди истифода қарор доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» дорои ду сехи истеҳсолӣ буда, дар доираи дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна дар деҳаи Лаби-Ҷари ноҳияи Нуробод аз тарафи соҳибкор Фатҳуддин Ҳоҷиев сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз моҳи январи соли 2016 оғоз шуда, имрӯз ба истифода дода шуд ва барои бунёду таҷҳизонидани он 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ бошад, то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 8 намуд маҳсулоти ширӣ - ҷурғот, кефир, қаймоқ, қурут, творог, сметана, чака ва дуғ истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ҷиҳати таъмин кардани сокинони ноҳияи Нуробод бо маводи ғизоии истеҳсоли ватании дорои сифати баланд пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон барои дар шароити хуб нигоҳ доштани маҳсулот корхона дорои ду сардхона мебошад ва оянда бунёди боз як сардхона барои 120 тонна маҳсулот дар назар аст.

Дар коргоҳи дуюми иншооти истеҳсолӣ бошад, бастубанди равғани растанӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо 3 намуди равған, аз ҷумла равғани пахтаи доғкардашуда ва равғани офтобпараст истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулот таҳти номи «Баракат» дар зарфҳои 750 грамма, 1, 3 ва 5 литра ба фуруш гузошта мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна равғани дорои сифати баланд мебошад.

Дар маҷмуъ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1500 сомонӣ таъмин шудаанд.

Ҳамзамон дар ин рӯз маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол карда мешавад, ба маъраз гузошта шуд.

Минбаъд аҳолии ноҳияи Нуробод аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» бо маҳсулоти гуногуни аз шир истеҳсолшуда ва 3 намуди равған таъмин карда мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520