Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2016 07:45, ноҳияи Тоҷикобод

Дар рузи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод боздид намуданд.

Сокинони ин ноҳияи кӯҳистон Сарвари давлатро бо самимияти хоса истиқбол намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Аз маҳсулотҳои кишоварзии дар намоишгоҳ пешниҳодшуда баръало маълум буд, ки деҳқонони ноҳия дар соҳаи картошкапарварӣ ва боғдорӣ таҷриба ва малакаи зиёд доранд. Ҳосили гирифтаи онҳо аз навъҳои гуногуни картошка ва себу нок на танҳо дар бозорҳои дохили кишвар ба фуруш бароварда мешавад, балки ба давлатҳои хориҷ низ содирот мегардад.

Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табиии шифобахшро пешниҳод гардидааст. Дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳи имрӯза меҳнаткашон анвои гуногун, меваю полезиҳо, навъҳои беҳтарини сабзӣ, картошка, себҳо ва асалро ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз доштанд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорад ва бо истифодаи оқилона аз ин неъмат  аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст. Инчунин Сарвари давлат деҳқононро ҳидоят намуданд, ки ҳар як ваҷаб замини минтақаҳои кӯҳистонро самаранок истифода баранд. Дар ноҳияи мазкур парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба мисоли шалғам, лаблабу, каду, карам ва пиёз низ манфиатовар аст.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба маротиб рушд кардааст. Айни замон занбӯрпарварони ноҳия аз 5050 оила занбӯр асали хуштамъу шифобахш мегиранд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ аз ҷониби кадбонуҳо намудҳои мухталифи нону кулчаҳо ва маҳсулоти ширӣ пешкаш гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон инчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар Хоҷагии деҳқонии "Қалъа" шинос шуданд.

Дар хоҷагии мазкур аз масоҳати умумии 180 гектар замини дар ихтиёрдошта дар масоҳати 50 гектар картошка кишт шудааст. Имсол деққонон нақша доранд, ки аз ҳар як гектари он 300 сентнер ҳосили катошка рӯёнанд.

Ба Саврвари давлат иттилоъ доданд, ки соли 2015 истеҳсоли картошка дар ноҳияи Тоҷикобод ба 21 ҳазору 116 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1992 - 12 ҳазору 612 тонна ё баробари 2,5 маротиба зиёд шудааст. Воқеан иқлими ноҳия барои картошкапарварӣ хеле мувофиқ буда, аз ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ деҳқонон даромади хуб ба даст меоранд.

Пешвои миллат дар суҳбат бо картошкапарварон ва масъулини соҳа иброз намуданд, ки картошка ягона маҳсулоте ба шумор меравад, ки метавонад ҷойи нонро иваз кунад, аз ин рӯ майдони кишти он ҳарчи бештар бояд васеъ гардад. Инчунин захира намудани он дар сардхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар фасли зимистону баҳор ба харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод гардад. Инҳо роҳҳое ҳастанд, ки ҳам баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла картошкаро дар бозорҳои кишвар пешгирӣ мекунад ва ҳам барои таъмини бехатарии озуқаворӣ мусоидати фаъол менамояд.

Ба бахти кудакони хуштолеъи ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллат, Сарвари ғамхору ятимпарвар дар хатнасури 50 кӯдак аз оилаи камбизоат иштирок намуданд.

Президенти кишвар волидони кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик намуда, иброз доштанд, ки аз замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ афзалияти бештар дода шуда, дар ин самт як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд. Ин буд, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфт. Дар ин чорабинӣ ба кӯдакон аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.

Дар ин рӯз хизматчиёни давлатӣ низ, ки дар сохторҳои гуногун дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолият менамоянд соҳиби туҳфаи арзанда гардиданд. 12 оилаи хизматчиёни давлатӣ аз ҷумла кормандони мақомоти қудратӣ аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои аз 1 то 4 ҳуҷрадор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти давлатиро, ки соҳиби хонаи нави истиқоматӣ гардидаанд ба хизмати софдилонаю одилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520