Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2016 08:25, ноҳияи Тоҷикобод

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва шумораи зиёди сокинони ноҳия суханронӣ намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат нахуст сокинони шарафманди ноҳияи Тоҷикободро бо 25 солагии ҷашни умумимӣ-Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон мо мардуми куҳанбунёду соҳибтамадуни тоҷик тавонистем дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.

Дар ин давра халқи заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо азму иродаи қавӣ, садоқат ба давлату миллат дар пешрафту тарақиёти ноҳия ва дар маҷмуъ ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод 432 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Кишту парвариши зироати кишоварзӣ барои сокинони ноҳияи Тоҷикобод шуғли асосӣ ба шумор рафта, сол то сол ин соҳа рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод имкон фароҳам гардид, ки соли гузашта ба маблағи 651 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намоянд, ки ин рақам нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбарони ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.

Зикр гардид, ки дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 25 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 100 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Саритош пурра таҷдид гардидаанд.

Бунёди муассисаҳои тандурустиву бунгоҳҳои тиббӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, сохта ба истифода додани меҳмонхонаи боҳашамат, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди пулҳо ва боз чандин навкориҳо, ки дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба вуқуъ пайваст, аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият ба шумор меравад.        

Дар ноҳияи Тоҷикобод соҳаи маориф марҳила ба марҳила рушд менамояд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи фарзандони мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод 16 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 6 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудаанд ва бунёди чандин бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои ноҳия идома дорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520