Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш

26.09.2016 12:29, ноҳияи Лахш

Дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуда, фаъолияти меҳнаткашонро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини Лахш барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаашон арзи сипос карда, ба ҳамаи онҳо саодату сарбаландӣ орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки дар зарфи 25 сол дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои рушди ноҳияи Лахш ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сохтмону роҳҳо ва дастгирии буҷети маҳаллӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Тавассути 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 370 миллион сомонӣ 450 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла 40 пул, 21 бинои нави таълимӣ, 22 муассисаи тандурустӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд гардид. Биноҳои таълимии 76 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба 35 деҳаи дурдасти ноҳия хатти оби нӯшокӣ гузаронида шудааст. Инчунин татбиқи се лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 амалӣ шуда истодааст, ки дар асоси он 121 лоиҳа ба маблағи умумии 312 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад. Ҳукумати мамлакат барои рушду пешрафти минбаъдаи ноҳия дар се соли оянда аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 130 миллион сомонӣ пешбинӣ намудааст.

Бо дарназардошти он ки, соҳаи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосӣ ва омили муҳимми беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истифодаи захираҳои фаровони об дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка, зиёд кардани майдони боғҳо, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан рушди қутоспарварварӣ ва муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойи корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони қадршиноси ноҳияи Лахш баромад намуда, ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои падарона ва дастуру ҳидоятҳои созанда изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520