Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ

03.10.2016 13:35, ноҳияи Восеъ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки беморхонаи №3-и деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, бо фарогирии 50 кат барои беморон аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Файзи Сайид” бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Тавре таъкид гардид, беморхонаи нав бо сармоягузории Фонди хайрияи Араб бо пешрафтатарин таҷҳизоти ташхису табобат, аз қабили ултросадо, дастгоҳҳои муосири физиотерапиа, сабти барқии дил ва ғайра таъмин гардида, ин муассисаи тандурустӣ аз нигоҳи имконият ва шароити тиббӣ дар ноҳия назир надорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба табибони беморхона дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Гуфта шуд, ки беморхона дорои чор шуъба, аз қабили таваллуд, ҷарроҳӣ, калонсолон ва кӯдакона иборат буда, табибони ин муассисаи тандурустӣ дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки хизматраоснии тиббиро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давлату ҳукумат ҳамаҷониба барои солимии ҷомеа талош меварзад ва дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ташхису табобат чунин беморхонаҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои нодир бунёд карда мешаванд.

Имрӯз бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона 150 нафар, аз ҷумла 14 нафар табибони дараҷаи олӣ, 50 нафар кормандони миёнаи тиб ва 30 нафар кормандони хурди соҳа бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Дорухонаи табиат, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо дар он маводи доруворӣ тайёр карда мешавад, дар беморхона ҷойгоҳи махсус дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ин пеш дар ин ҷо хизматрасонии тиббӣ дар як бинои вайрону валангор сурат мегирифт, ки он ҳам соли 1998 дар натиҷаи баланд шудани оби дарёи Ёхсӯ ва омадани сел зарар дида буд ва сокинон барои ташхису табобат ба маркази ноҳияи Восеъ ва шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе мерафтанд.

Имрӯз бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи нав мардуми ҷамоат изҳори хушнудӣ менамоянд, зеро аз ин пас барои ташхису табобат ба ҳеҷ куҷо сарсону саргардон намешаванд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои сабзу хуррам гардонидани ҳудуди беморхонаи нав корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

Ҳавлии беморхона, ки дар он ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ба ин мавзеъ таровати хоса бахшидааст.

Зимни ифтитоҳи Маркази саломатии ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи тандурустӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон ва Фонди хайрияи Араб, ки арзиши лоиҳа 826 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта шудааст.

Ба гуфти роҳбари Фонди хайрияи Араб дар Тоҷикистон таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо, дастгоҳҳои дандонпизишкӣ ва сабти барқии дил имкон медиҳад, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад.

Ҷараёни қабул ва барои ташхису маслиҳат ба табибон роҳхат додан, дар маркази саломатӣ ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, ки ин ҳам дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон як навоварии калон аст.

Ҳамзамон маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулу, гушу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520