Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ

03.10.2016 14:49, ноҳияи Восеъ

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Восеъ барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму самимии Роҳбари давлат изҳори сипос намуда, дар ҷодаи боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барори кор орзу карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли сокинони ноҳияи Восеъро ба ифтихори 25 - умин солгарди соҳибистиқлолии кишварамон сидқан табрик гуфтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки дар зарфи бисту панҷ соли соҳибихтиёрӣ мардуми заҳматпешаи ноҳияи Восеъ бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид, аз ҷумла захираҳои бойи обу сарватҳои табиӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ ва ободии гулгашту хиёбонҳо симои ноҳияро куллан дигаргун намуда, ҳоло ноҳия ба як мавзеи хеле ободу зебо табдил ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо мақсади пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб 700 миллион сомонӣ равона гардидааст ва ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои бунёди  иншооти соҳаи иҷтимоӣ беш аз 330 миллион сомонӣ равона шуд. Ҳамзамон бо ин, дар асоси барномаҳои давлатии рушд дар ноҳия  то соли 2020-ум татбиқи 370 лоиҳа ба маблағи умумии 520 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ватандӯстонаи шахсони ватандӯст баҳри ободии Ватан изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки танҳо дар як ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ашхоси саховатманд ва хоҷагии “Файзи Саид” беморхонаи замонавӣ иборат аз 4 шӯъбаи дорои 50 кат, толори варзишӣ, гулгашт, ҳаммом, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, боғи дарахтони ороишӣ ва сояафкан, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, инчунин мактаб барои 680 ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шуда, дар масофаи 7 километр барои таъмини аҳолии деҳоти мазкур бо оби ошомиданӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки имрӯз дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Восеъ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 30 иншооти нави таъиноти гуногун ба истифода супорида шуд, ки ҳаҷми умумии маблағҳои сохтмон 40 миллион сомониро ташкил дода, дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша, ки дар баробари бунёди иншооти гуногун ва обод намудани як гӯшаи диёр, инчунин, барои ҳамватанони хеш ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда, дар амри хайри дастгирии шахсони эҳтиёҷманд кӯшиш мекунанд, миннатдории самимии худро изҳор намуданд.

Баъди анҷоми суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои талошҳои шабонарӯзӣ баҳри ободии диёр ва осудагии мардуми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки бо шарофати сулҳу ваҳдати пойдор ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бахшҳо рушд карда, шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил фароҳам омадааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520