Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

04.10.2016 11:30, шаҳри Кӯлоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ҳамзамон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шуданд.

Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва атрофи он 3 адад сой мавҷуд ҳаст, ки ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел эҳтимоли ба хоҷагии халқи вилоят расонидани зарар вуҷуд дорад.

Тавре ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд ҳоло аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ва Маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағирёбии иқлим корҳои барқарорсозӣ ва соҳибмустаҳкамкунӣ дар сойи Даҳана, Зиракӣ, Тебалай ва шафати дарёи Қизилсуву Ёхсу ҷараён дорад.

Дар маҷмӯъ имрӯз наздики 500 нафар ба ҷойи кори мувафаққатӣ фаро гирифта шуда, бо истифода аз техникаву механизмҳои мавҷуда корҳои соҳилмустаҳкамкуниро пеш мебаранд.

Корҳои лоиҳакаши аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Институти лоиҳакашии Тоҷикгипроводхоз» ба анҷом расонида шудааст.

Барои таъмир ва барқарорсозии соҳили рост ва чапи сойи Даҳана 5 миллиону 643 ҳазор сомонӣ пешбини шудааст. Дарозии қисмати барқароршаванда бошад 2721 метрро дар бар гирифта, то имрӯз бештар аз 1600 метраш ба пуррагӣ ба анҷом расонида шудааст.

Маблағи ҷудогардида барои корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Зиракӣ 7,5 миллион сомонӣ ва дарозии он 1745 метрро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Андок» мебошад.

Дарозии сойи Тебалай ҳамаги 13,2 километрро ташкил медиҳад, ки 5,7 километраш ба ҳудуди шаҳри Кӯлоб рост меояд. Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2016 оғоз шудааст ва барои пешбурди он 4 ширкати сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ шумораи коргарон дар сойи Тебалай 140 нафар ва техникаву механизмҳои истифодашаванда 55 ададро ташкил медиҳад. Сохтмончиён ҳамарӯза дар самти пешбурди кор ба мувафақиятҳои назаррас ноил мешаванд ва то охири соли равон зиёда аз 3,5 километр қисматҳои харобгаштаи сой барқарор карда мешаванд.

Барои анҷоми корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Тебалай бештар аз 21 миллион сомонӣ пешбини шудааст. Баъди анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкуни дар сойи Тебалай бештар аз 400 оилаи шаҳри Кӯлоб аз хатари обхезӣ эмин нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамзамон барқарорсозии соҳили дарёи Ёхсу дар мавзеҳои сари Ангур, Ғофилобод, Ҷаврез, Кафтархона ва барқарорсозии соҳилҳои харобгаштаи дарёи Қизилсу дар мавзеъи Туғайи ноҳияи Восеъ идома доранд.

Тамоми иншооти сохташаванда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҳисоби марказҳои татбиқи лоиҳаҳои назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи вазорату идораҳои дахлдор барои бо истифода аз имконоти мавҷуда сари вақт ва дар муҳлати муаяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Корҳои барқарорсозӣ дар тамоми мавзеҳо дар асоси лоиҳа бо истифода аз техникаи муосир ҷараён дорад. Аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб то фасли сармо барқарорсозии қисматҳои харобгашта ва соҳибмустаҳкамкунии сойи Даҳана, Зиракӣ ва Тебалай ба итмом расонида шуда, эҳтимоли хавфи зарари офати табиӣ ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел пешгири карда мешавад.

Оянда марҳила ба марҳила корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкуни ҷиҳати рафъ намудани хавфи расидани зарари офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома меёбад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520