Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенко

13.10.2016 13:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Аз раванди рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ гардида ба нақши парлумонҳои ҳарду давлат барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо баҳои баланд дода шуд.Таъкид гардид, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия  оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо барои парлумонҳо балки барои намояндагони тамоми минтақаҳо ва доираи кории ҳар ду давлат  майдони фарохи рушди ҳамгироии муштарак ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону  Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки таббии Тоҷикистон табодули афкори судманд доир гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангу  маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин  дар мулоқот доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон,таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зиди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520