Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани маркази хизматрасонии «Сироҷиддин»

05.11.2016 09:57, шаҳри Ҳисор

Нақшаҳо ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум ва ба маротиб баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон дар шаҳри Ҳисор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Имрӯз боз як маркази бузурги хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз тарафи соҳибкор Қараев Салоҳиддин сохта шудааст. Иншоот аз 4 ошёна иборат буда, он дар масоҳати 930 метри мураббаъ бунёд ёфтааст ва масоҳати бино бошад 344,4 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди истифодабарӣ қарор додани марказ аз шароити дохили он дидан намуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо фармоиши соҳибкор Салоҳиддин Қараев дар асоси лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоя-лоиҳа» тарҳрезӣ гардида, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъмиргар-2010» мебошад. Корҳои сохтмониро дар марказ соли 2014 оғоз намудаанд.

Мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос дар зарфи ду сол тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи тарҳрезишуда ба анҷом расонанд.

Арзиши умумии Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар асоси лоиҳа 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки тибқи иттилоъ бо хароҷоти 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Тавре аён гардид дар ошёнаи якуми бино кошонаи ҳусн, мағоза ва қаҳвахона ташкил гардида, дар ошёнаи дуюм маркази дилхушӣ барои кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм толори варзишӣ фаъолият мекунад.

Айни замон дар маркази мазкур 26 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Гуфта мешавад, ки бо ба кор даромадани тарабхона дар таҳхонаи бино, ҳамоми замонавӣ дар ошёнаи чорум ва боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолият дар ояндаи наздик шумораи кормандон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд.

Сарвари давлат бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази зебову боҳашамати хизматрасониро, ки дорои тамоми шароит мебошад барои сокинони шаҳри бостонии Ҳисор туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумориданд ва таъкид доштанд, ки маҳс ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ, пойдории сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ боис гашт, ки мо мардуми созандаву ободкори тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520