Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

10.11.2016 08:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Шумо бо камоли сарфарозӣ табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати  талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям. 

Ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ ва комгорӣ дар ин маснади олӣ, ба мардуми дӯсти Америка - пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520