Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус

26.11.2016 19:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

Хабари мусибати сангину ҳузнангези мардуми дӯсти Куба — вафоти пешвои он Фидел Кастро Рус боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Хотироти Фидел Кастро Рус ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи байналмилалии ӯ дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздиконатон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Куба таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520