Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия

01.12.2016 18:13, Чехия

Субҳи рӯзи 1-уми декабри соли равон муқарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия ташриф оварданд дар саҳни Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан самимона истиқбол гирифта ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Чехия ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат Фармондеҳи горди фахрии Чехия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Чехияро ба ҷо оварда баъдан бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия бо нияту орзуҳои неки дӯстона дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520