Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

09.12.2016 18:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ҳамин тавр мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси шаҳри Сарбанд Чиллазода Қарахон, раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода Мирзохон, раиси ноҳияи Фархор Раҳимзода Раъно ва раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар аз вазифа озод карда шуданд.

Тибқи фармонҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Вализода Сулаймон Кабут - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор ва Самизода Санавбар Зайнулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ҳамчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар - муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520