Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ

14.12.2016 10:46, Шри-Ланка

Дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викремесингҳ мулоқот намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва густаришу тавсеаи минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, саноати туризм ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд.

Муштаракоти зиёди иқтисодии Тоҷикистону Шри-Ланка омили муҳими фароҳамсози заминаи хуби ҳамкориҳо арзёбӣ гардида изҳори итминон карда шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави дуҷониба дар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Шри-Ланка барои тавсеаву таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим бозида ба таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри-Ланка оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию байналмилаӣ, вазъи ҷаҳони муосир, амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520